Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон фаъолияти Twitter, TikTok ва ВКонтакте маҳдуд шуд


PAKISTAN -- A man opens social media app 'Tik Tok' on his cell phone, in Islamabad, July 21, 2020
PAKISTAN -- A man opens social media app 'Tik Tok' on his cell phone, in Islamabad, July 21, 2020

Нозироти давлатии Узбекистон дар соҳаи иттилоот ва телекоммуникатсия фаъолияти шабакаҳои иҷтимоиро ба иллати қонуншиканиҳо ҳангоми коркарди маълумоти шахсии корбарон маҳдуд кардааст.

"Шабакаҳои иҷтимоӣ аз 2-юми июли соли 2021 ба "Рӯйхати нақзкунандагони ҳуқуқи субъектҳои маълумоти шахсӣ" шомил ва то бартараф шудани ин камбудҳо истифодаи онҳо дар ҳудуди Узбекистон маҳдуд карда шудааст", - омадааст дар иттилоияи нозирот. Сухан аз нақзи банди 27-и қонуни Узбекистон дар бораи маълумоти шахсӣ меравад.

Масъулони нозирот дақиқ нагуфтаанд, ки фаъолияти кадом шабакаҳо маҳдуд карда шудааст. Вале тавре Gazeta.uz менависад, корбарони узбекистонӣ аз мушкил дар фаъолияти шабакаҳои Twitter, TikTok ва ВКонтакте шикоят доранд. Ҳамчунин паёмакрасони Skype кор намекунад.

Нозироти давлатии Узбекистон дар соҳаи иттилоот ва телекоммуникатсия моҳи майи имсол бо навиштани номае аз моликони ВКонтакте, Twitter ва паёмакрасони WeChat хост, банди 27-уми қонуни мазкурро риоя карда, сервереро, ки маълумоти шахсии корбарони узбек дар он аст, дар ҳудуди Узбекистон ҷойгир кунад.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳам ахиран корбарони TikTok-ро барои таҳқири муҷассамаҳои Амир Темур ва шоир Алишер Навоӣ танқид карда буд.

XS
SM
MD
LG