Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон гуфтанд, бештари ноҳияҳои ҳаммарз бо Тоҷикистонро гирифтаанд. Ҳукумат рад кард


Толибон гуфтанд, ки чанд ноҳияро дар Бадахшон тасарруф кардаанд
Толибон гуфтанд, ки чанд ноҳияро дар Бадахшон тасарруф кардаанд

Вазорати умури дохилии Афғонистон иддаои Толибонро, ки дар чанд моҳи ахир 143 ноҳияро дар ин кишвар тасарруф кардаанд, рад кард.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон рӯйхати ин ноҳияҳоро ба Радиои Озодӣ фиристод, ки аксарашон дар шимоли Афғонистон ва дар марз бо Тоҷикистон ҷойгиранд.

Бар асоси ин рӯйхат, ноҳияҳое дар вилояти Тахор, Бадахшон, Балх, Форёб, Ҷузҷон, Бағлон ва Пактиё дар ихтиёри Толибон қарор гирифтааст.

Ториқ Ориён, сухангӯи Вазорати дохилии Афғонистон ба расонаҳо гуфтааст, ки ин иддаои Толибон асос надорад. “Аз бархе ноҳияҳо нерӯҳои ҳукумат ба ҷойи дигар кӯчидаанд, ки ин ба маънои тасарруф аз ҷониби Толибонро надорад”,--гуфтааст ӯ.

Ториқ Ориён тасдиқ кардааст, ки дар ноҳияҳо Толибон пешравӣ кардаанд, вале ин пешравии онҳо муваққатист ва ба зудӣ нерӯҳои ҳукуматӣ онҳоро меронанд.

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали президенти Афғонистон гуфт, ки Толибон ҳаргиз Афғонистонро тасарруф карда наметавонанд ва тавоноии ҳукуматдориро надоранд. Ӯ дар саҳифаи Твитераш навишт, ки ҳоло фурсати муттаҳид шудан вуҷуд дорад, чун мардум дар тамоми бахшҳои Афғонистон хостори ҷо ба ҷоии нерӯҳои амниятӣ дар маҳалли зисти худ ҳастанд.

Вазорати дифои Афғонистон аз талафоти сангини Толибон хабар додааст. Ба гуфтаи Вазорат, дар як шабонарӯзи охир 143 ҷангҷӯи Толибон кушта ва 121 нафари онҳо маҷрӯҳ шудаанд.

Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукумат ва Толибон хостааст, ки дубора сари мизи музокирот нишинанд. Музокироти ҳукумат бо ин гурӯҳ бо миёнаравии ИМА моҳи сентябри соли 2020 сар шуд, вале баъди чанде қатъ шуд. Пас аз эълони ИМА, ки аз 1-уми май нерӯҳояшро аз Афғонистон хориҷ мекунад, Толибон ҷангро бештар карданд. Мақомоти Покистон, ки ба пуштибонӣ аз Толибон муттаҳам мешаванд, ахир гуфтаанд, ки аз сулҳ дар Афғонистон ҷонибдорӣ мекунанд.

Ҷанг дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон низ афзоиш ёфтааст. Дар як моҳи ахир бори сеюм хабар мерасад, ки сарбозони афғон дар пайи тоб наовардан ба ҳамлаи Толибон ба Тоҷикистон паноҳ мебаранд. Шоми рӯзи 3-уми июл мақомоти тоҷик гуфтанд, ки беш аз 300 низомии афғон аз ҳудуди вилояти Бадахшон ба ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин) гузаштаанд. Пештар аз тариқи ноҳияи Панҷ 134 ва аз тариқи ноҳияи Шаҳртуси вилояти Хатлон 17 сарбозу афсари афғон ба Тоҷикистон паноҳ бурда буданд.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр хатти марзи душворназорат дорад. Мақомоти тоҷик эълон карданд, ки марзбонон дар ҳолати омодабош қарор доранд.

XS
SM
MD
LG