Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон бархе занон ба муқобили Толибон силоҳ гирифтаанд


Зани мусаллаҳ дар Ҷузҷони Афғонистон
Зани мусаллаҳ дар Ҷузҷони Афғонистон

Бархе аз занони шаҳри Шибирғон дар вилояти Ҷузҷони Афғонистон силоҳ гирифтаанд, то ҳамроҳ бо нерӯҳои ҳукуматӣ ба муқобили Толибон ҷанг кунанд.

Муслима Атоӣ, раиси Шӯрои занони Ҷузҷон раҳбари ин занони мусаллаҳро бар дӯш дорад.

Ӯ мегӯяд, даҳҳо тан аз занон ихтиёран ба даст силоҳ гирифтанд ва ба онҳо аз ҷониби Ҳизби ҷумбиши миллӣ силоҳ дода шуд.

Ба гуфтаи Атоӣ, аксари шавҳарони ин занон низ дар хатти аввали ҷанг қарор доранд. “Ин ҳаракати занон ба нерӯҳои амниятӣ рӯҳия медиҳад.”,--гуфт ӯ.

Дар як моҳи ахир Толибон чанд минтақаро дар Афғонистон ишғол карданд. Ин гурӯҳ пас аз эълони хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон фаъолтар шуд.

Ҳоло дар баробари нерӯҳои ҳукуматӣ сокинон низ силоҳ ба даст гирифтаанд.

Дар Афғонистон, ки беш аз 40 сол боз ҷанг давом дорад, талошҳои сулҳ то имрӯз бенатиҷа будааст.

XS
SM
MD
LG