Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17 сарбози дигари Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ақибнишинӣ кардаанд


Ин сарбозон, ба гуфтаи мақомот, рӯзи 22-уми июн ба хоки Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.
Ин сарбозон, ба гуфтаи мақомот, рӯзи 22-уми июн ба хоки Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.

Мақомоти тоҷик аз ақибнишиниии 17 сарбози дигари Афғонистон ба хоки Тоҷикистон хабар доданд.

Хабаргузории давлатии “Ховар” аз қавли Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон хабар додааст, ки рӯзи 27-уми июн дар пайи ҳамлаи Толибон ба гузаргоҳи марзии Чукчуки вулусволии Калдори вилояти Балх марзбонони афғон ба ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон ақибнишинӣ кардаанд.

“Сарҳадбонони тоҷик бо ба инобат гирифтани робитаи неки инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба гурезагони иҷборӣ барои вуруд ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд.”—гуфта шудааст дар изҳорот.

Аз ин пеш, рӯзи 22-уми июн 134 сарбози афғон пас аз ишғоли Шерхон-Бандар ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ворид шуда буданд. Ҳанӯз маълум нест, ки ин сарбозон дар куҷо қарор доранд.

Дар як моҳи ахир, пас аз онки ИМА эълон кард, ки аз рӯзи 1-уми май сарбозонашро аз Афғонистон берун мекунад, Толибон ҳамлаҳоро бештар карданд ва идораи даҳҳо ноҳияро дар ин кишвар аз дасти ҳукумат гирифтанд. Рӯзи 26-уми июн мақомоти тоҷик вазъиятро мурракаб арзёбӣ карда, хабар доданд, ки нерӯҳо дар марз дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон низ дар изҳороти нави худ гуфтааст, “азъияти умумӣ дар ин минтақа мураккаб боқӣ монда, задухӯрдҳои мусаллаҳона байни гурӯҳҳои ҳаракати “Толибон” ва қувваҳои ҳукуматии Афғонистон идома дорад.”

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади бештар аз 1300 километрӣ дорад, бори дуюм аст, ки дар як моҳи ахир шоҳиди ақибнишинии сарбозони афғон ба қаламрави кишвар мешавад. Мақомоти расмӣ чанд рӯз пеш аз эҳтимоли вуруди паноҳандагони афғон ҳам ҳушдор дода буданд.

Аз ин пештар фиристодаи хоси Созмони Милал дар Афғонистон рӯзи 22-уми июн гуфт, аз моҳи май ба инҷониб Толибон аз миёни 370 ноҳияи Афғонистон 50 - тои онро ишғол кардаанд ва ҳушдор дод, ки афзоиши муноқиша “ба маънии ноамнии афзоянда барои кишварҳои дуру наздик аст.”

XS
SM
MD
LG