Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати барномасозии Амрико ҳамлаи сайберии гурӯҳе, ки эҳтимол ба Русия иртибот дорад, таҳқиқ мекунад  


Як ширкати барномасозии ИМА мегӯяд, ки ҳамлаи эҳтимолии сайбериро таҳқиқ мекунад.

Ба гуфтаи коршиноси амнияти сайберӣ ин ҳамла низ мисли ҳамлаҳои қаблӣ, ки ба ҳакерҳои Русия нисбат дода мешуд, тавассути як барномаи тамаъҷӯи компютерӣ роҳандозӣ шудааст. Ширкати Kaseya, дар як изҳорот рӯзи 2-уми июл аз муштариён даъват кард, фавран серверҳое, ки аз ин барнома сироят ёфтаанд хомӯш намоянд ва худ низ тасдиқ кард, ки чанде аз серверҳоро қатъ кардааст.

Ба гуфтаи ширкати Kaseya ҳамла ба доираи маҳдуди муштариёнаш таъсир кардааст ва гуфт, бо ширкатҳои амниятӣ сайберӣ, ки дар бораи ин мушкил хабар доданд, ҳамкории зич дорад. Як муҳаққиқи амнияти сайберӣ аз ширкати амниятии Huntress Labs гуфт, ки Huntress яке аз он ширкатҳост ва илова кард, ки ҷинояткорон бастаи шабакаҳои ширкати Kaseya-ро ҳамчун воситаи паҳн кардани “барномаи тамаъҷӯи” компютерӣ истифода бурданд.

Ба гуфтаи муҳаққиқ Ҷон Ҳэммонд, ин ҳамла шабакаҳои ҳадди аққал 200 ширкати амрикоиро, ки аз барномаҳои Kaseya истифода мебаранд, фалаҷ кардааст. Ҳаммонд ба Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, ки зоҳиран ин кори дасти гурӯҳи REvil, як дастаи ҳакерони тамаъҷӯи русзабон мебошад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG