Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қирғизистон муҳлати ҳабси фаъоли ҷамъиятӣ Жениш Молдокматовро дароз кард


Эътирози пайравони Жениш Молдокматов дар Бишкек
Эътирози пайравони Жениш Молдокматов дар Бишкек

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 1-уми июл мӯҳлати ҳабси пешакии фаъоли ҷамъиятӣ Жениш Молдокматовро тамдид кард.

Ба ин тартиб Молдокматов то 6-уми сентябр дар ҳабс боқӣ мемонад. Молдокматовро рӯзи 6-уми май ба гумони ташкили бетартибиҳои оммавӣ боздошт карда буданд. Вакилони мудофеъи ӯ аз додгоҳ хостанд, ки Молдокматов дар марҳилаи тафтишот дар ҳабси хонагӣ бошад. Аммо додгоҳ ин дархости вакилони мудофеъро напазируфт.

Вакилони мудофеъ боздошти фаъоли ҷамъиятӣ Жениш Молдокматовро таъқиби сиёсӣ унвон мекунанд. Молдокматов зидди ислоҳоти конститутсионии президент Содир Ҷабборов буд, ки баъд аз эътирозҳои моҳи октябри соли 2020 сари қудрат омад. Ӯ ҳаракати "Зидди Ханститутсия"-ро роҳбарӣ мекард ва мардумро ба раъйдиҳӣ зидди Ҷабборов дар интихобот даъват мекард.

Молдокматов ҳамчунон ташаббуси истихроҷи маъдан аз кони Жетим- Тоо ва боз кардани қиморхонаҳоро танқид карда буд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG