Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Неруҳои амрикоӣ пойгоҳи ҳавоии Багромро тарк карданд


Деворҳои атрофи фурудгоҳи Багром. Афғонистон
Деворҳои атрофи фурудгоҳи Багром. Афғонистон

Артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пойгоҳи низомии Багром воқеъ дар шимоли Кобулро пас аз тақрибан 20 сол ба ихтиёри нерӯҳои амниятӣ ва дифоии Афғонистон дод. Дар ин бора мансабдорони Амрико рӯзи 2-уми июл хабар доданд. Манобеъ дар Вазорати дифои Афғонистон ҳам таъйид карданд, ки нерӯҳои амрикоӣ аз пойгоҳи Багром берун шуданд ва онро дар ихтиёри нерӯҳои афғон гузоштанд.

Ин пойгоҳи азим, ки Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд кардааст, бузургтарин иншооти низомиест, ки нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон истифода мекунанд. Дар он ҷо даҳҳо ҳазор сарбозон, дар замони авҷи ҳузури низомии Амрико дар ин кишвари аз хушунат осебдида, мустақар буданд. Мансабдоре, ки нахост номаш фош шавад, чун ваколати суҳбат бо расонаҳоро надорад гуфт, фурудгоҳ ба пуррагӣ ба нерӯҳои Амнияти миллӣ ва дифоии Афғонистон супорида шуд.

Як мақомдори дигар ҳам ба хабаргузории "Франс Пресс" гуфт, "ҳама нирӯҳои эътилоф аз фурудгоҳи Багром берун шуданд", вале ӯ мушахас накард, ки кай нерӯҳои охирини ИМА ва НАТО пойгоҳро тарк кардаанд. Ба гуфтаи як мансабдори дигар, генерал Миллер, фармондеҳи олии нерӯҳои ҳарбии Амрико "ҳанӯз ҳам ҳама имконот ва ваколатҳо ҷиҳати ҳифзи нерӯҳои ҳарбиро" дар даст дорад.

Супурдани ин фурудгоҳ ба нерӯҳои афғон нишонаи равшани он аст, ки қисми зиёде аз 2500-3500 сарбозони амрикоӣ Афғонистонро тарк кардаанд ва ё барои бурун рафтан, моҳҳо пеш аз мӯҳлати ниҳоии таъинкардаи президент Ҷо Байден - 11 сентябр, яъне 20-умин солгарди ҳамлаҳои террористии Ал-Қоида, ки сабаби ворид шудани Иёлоти Муттаҳида ба Афғонистон шуд, наздик шудаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG