Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон барои муҳоҷиронаш сомонаи махсус таъсис дод


Муҳоҷирон аз Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.
Муҳоҷирон аз Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Маркази иттилоотӣ - машваратии Департаменти муҳоҷирати хориҷии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон барои муҳоҷирон сомонаеро бо нишонии "migrant.kg" роҳандозӣ кардааст.

Тавре марказ иттилоъ додааст, сомонаи мазкур бо дастгирии лоиҳаи USAID таҳти унвони "Муҳоҷирати амн дар Осиёи Марказӣ", ки аз сӯи "Winrock International" иҷро мешавад, таъсис дода шудааст. Муаррифии сомона 2 июл дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад.

Бар асоси иттилои расмӣ, муҳоҷирон метавонанд, ки тавассути ин сомона муайян кунанд, ки вуруди онҳо ба ҳудуди Русия манъ карда шудааст, ё не. Ҳамчунин тариқи паёмакрасонҳои WhatsApp, Telegram ва телефон метавонанд ба суолҳои худ дар бораи муҳоҷират посух гиранд.

Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, ҳудуди як миллион қирғизистонӣ дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд. Бештарашон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG