Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 205 ҳазор нафар дар Тоҷикистон ваксина гирифтаанд


Ба Тоҷикистон бори аввал ваксинаи "Астразенека" ворид шуда буд
Ба Тоҷикистон бори аввал ваксинаи "Астразенека" ворид шуда буд

Мақомоти тоҷик мегӯянд, давоми се рӯз беш аз 52 ҳазор нафар дар кишвар ваксинаи зидди COVID-19 гирифтаанд.

Дар ҳафтаи ахир пизишкон ба хонаву масҷид ва корхонаҳо рафта, сокинонро зидди коронавирус эм мекунанд. Ҳарчанд нобоварӣ ба ваксинаҳо ҳанӯз ҳам дар ҷомеа ҷой дорад.

Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки то рӯзи 27-уми июн 205 ҳазору 619 нафар дар Тоҷикистон зидди коронавирус эм карда шудаанд. Рӯзи 25-уми июн теъдоди эмшудагон 153 ҳазор нафар буд.

Бо эътирофи хуруҷи дубораи коронавирус дар Тоҷикистон, мақомот талош доранд, аҳолиро ба гирифтани ваксина водор намоянд. Сарфи назар аз талошҳои Вазорати тандурустӣ, майли мардум ба ваксингирӣ чандон қавӣ ба назар намерасад, чун шубҳаву нобоварӣ ба ваксинаҳо то ҳол дар миёни мардум боқист.

Тоҷикистон то кунун ҳудуди 492 ҳазор воя ваксинаҳои "Астразенека" ва "КоронаВак" гирифтааст. Ҳардуи ин ваксинаҳо ба Тоҷикистон ройгон дода шудаанд.

Мақомоти тоҷик аз моҳи январ ба такрор мегуфтанд, ки ягон ҳолати сироятёбии сокинонро ба коронавирус сабт накардаанд. Сокинон ва коршиносон бар ин бовар надоштанд. Рӯзи 21-уми июн Ситоди муқобила бо коронавирус сирояти сокинон ба коронавирусро эътироф кард. Бархе пизишкон аз ин пеш бо шарти зикр нашудани номашон ба расонаҳо мегуфтанд, ки сокинони зиёд ба коронавирус сироят ёфтаанд, вале Вазорати тандурустӣ пинҳон мекунад.

Вазорати тандурустӣ шаш рӯзи охир омори гирифторон ба КОВИД-19-ро нашр мекунад. Рӯзи 27-уми июн ин Вазорат хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир 24 ҳолати сироятёбии сокинон ба коронавирусро сабт кардааст.

XS
SM
MD
LG