Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФАВРӢ: Тоҷикистон аз сабти ҳолатҳои нави гирифторӣ ба COVID-19 хабар дод


Беморхонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе
Беморхонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе

Мақомоти Тоҷикистон расман эътироф карданд, ки ҳолатҳои нави сироятёбии сокинон ба COVID-19 дар кишвар сабт шудааст. Ситоди муқобила бо коронавирус бегоҳи 21-уми июн бо нашри ин хабар аз сокинон даъват кард, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд. Дар хабари ситод мушаххасан гуфта нашудааст, ки чанд нафар ба COVID-19 гирифтор шуданд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз 10-уми январ ба ин тараф хабар медод, ки дар кишвар ягон ҳолати сироят ба коронавирус сабт нашудааст. Вале шубҳаву гумон дар бораи изҳороти вазорат ҳамчунон зиёд буд. Бахусус дар рӯзҳои ахир, ки расонаҳо аз мусбат баромадани натиҷаи ташхиси чандин нафар дар озмоишгоҳҳо хабар доданд. Масъулини Вазорати тандурустӣ гирифтории сокинон ба COVID-19-ро рад мекарданд.

Ситоди муқобила бо коронавирус, сабаби дубора хуруҷ кардани бемориро ба "бетаваҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд ва истифода накардани ниқоб" рабт додааст.

"Вобаста ба ин аз ҳар як сокини мамлакат, қатъиян риоя намудани тавсияи мутахассисони соҳа, бе зарурат гаштугузор накардан, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар маводҳои безараргардонӣ талаб карда мешавад,"-омадааст дар хабари Ситод.

Ҳанӯз маълум нест, ки мақомоти Тоҷикистон дар пайи хуруҷи дубораи беморӣ чӣ маҳдудиятҳоеро ҷорӣ мекунанд. Дар хабари Ситоди муқобила бо COVID-19 дар ин бора мушаххасан чизе гуфта нашудааст. Ситод, ки роҳбараш нахуствазир Қоҳир Расулзода аст, ба он таъкид кардааст, ки риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар вазорату идораҳо ва тую маъракаҳо пурзӯр карда мешавад.

Рӯзи 12-уми май Радиои Озодӣ ва хабаргузории “Азия-Плюс” дар гузоришҳои алоҳида аз гирифтории чанд нафар ба COVID-19 хабар доданд. Як сокини Душанбе бо ирсоли натиҷаи ташхис ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки тести падару модараш дар яке аз ташхисгоҳҳои хусусии пойтахт мусбат баромадааст.

Хабаргузории “Азия-Плюс" ҳам аз манбаи худ дар озмоишгоҳи "Диамед" иттилоъ дод, ки 8-уми июн танҳо дар шаҳри Душанбе 100 гирифтори коронавирус ошкор шудааст. Расона менависад, дар озмоишгоҳҳои дигар низ пайдо шудани беморонро тасдиқ кардаанд.

Масъулини Вазорати тандурустӣ ин ҳамаро рад карда буданд. Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорат рӯзи 14-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки гумонбарони сироят ба коронавирус ҳастанд, вале ташхиси ягон нафари онҳо мусбат набаромадааст.

Сухангӯи вазорат гуфта буд, ки бисёри гумонбарон дар гармиҳои шадиди аввали моҳи июн зиёд оби хунук нӯшида, соатҳо дар ҳавзҳо оббозӣ кардаанд ва ба ин хотир саломатиашон бад шуд. "Нафароне, ки бемории коронавирусро гузаронданд, мушкил дар ҳаминҳо аст. Ҳаминҳо бештар муроҷиат карда истодаанд бо нишонаҳои ҳароратбаландӣ, яъне нуқси шуш. Коронавирус на, бо нуқси шуш муроҷиат карда истодаанд.”,--гуфта буд ӯ.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти тоҷикро ба пинҳонкорӣ дар робита ба коронавирус муттаҳам мекунанд. Дар моҳҳои март-апрели соли гузашта ҳам Вазорати тандурустиро ба хотири он интиқод мекарданд, ки мавҷудияти коронавирусро рад мекунад. Вале масъулин мегуфтанд, иттилои додаи онҳо санҷидашуда аст ва бархеҳо мехоҳанд сокинонро ба воҳима андозанд.

XS
SM
MD
LG