Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили узбек баъди ошкор кардани "заминфурӯшӣ" дастгир шуд


Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Вакили маҷлиси шаҳрии Андиҷони Узбекистон, ки чанде пеш дахлнопазирияш бекор гашта буд, боздошт шуд.

Бино ба хабари расонаҳои маҳаллӣ, вакили узбек ба "қаллобӣ", "сӯистифода аз мақом" ва "сохтакории ҳуҷҷат" айбдор мешавад.

Пештар хабар дода шуд, ки зидди Шуҳрат Каримов бар асоси чандин банди Кодекси ҷиноии Узбекистон айб эълом гаштааст.

Он замон се вакили маҷлиси Андиҷон аз Каримов ҳимоят карда, гуфтанд, ӯ баъди "ошкор кардани фурӯши ғайриқонунии замин ва талаби имтиҳон гирифтан аз додситони шаҳр мавриди таъқиб қарор гирифт".

Вазорати адлия ва Оҷонси мубориза бо фасоди Узбекистон бекор кардани дахлнопазирии Каримовро маҳкум карданд, вале Додситонии кулли он кишвар бо ҷонибдорӣ аз мавқеи шаҳрдор ва додситони Андиҷон гуфт, "вакил сохтмонро худсарона оғоз кардааст".

XS
SM
MD
LG