Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, шакли “Делта”-и коронавирус, ки дар Ҳинд ба миён омад аз навъи аввалаи он ду баробар гузарандатар аст.
Сумя Сваминатан, ходими аршади илмии СҶТ шоми рӯзи 24-уми июн дар ҷараёни пахши мустақим аз саҳифааш дар Twitter гуфт, “Делта”- короновирус, ки бори нахуст дар Ҳинд мушоҳида шуд, ҳоло дар 85 кишвари дигари дунё кашф шудааст. “Бо назардошти он суръате, ки “Делта” паҳн мешавад, ин навъи коронавирус дар ҷаҳон метавонад беш аз дигар навъҳо паҳн гардад.”
Ба қавли Сваминатан ин навъи коронавирус дар қиёс бо навъи маъмулӣ “ду маротиба тезтар” сироят мекунд ва бинобар ин, як инсони гирифтор “на ду нафар балки чор, шаш ва ҳатто ҳашт нафарро” метавонад бемор кунад. Аз ин рӯ, ба таъкиди ӯ, ҳоло назар ба оғози пандемия ҳолатҳое, ки якбора ҳама аъзои оила бемор мешаванд, зиёд ба чашм мерасад. “Бисёре аз ваксинаҳое, ки ҳоло дар ҷаҳон истифода мешавад, зидди ин навъи короновирус самарбахш ҳастанд, ҳадди ақал барои сабуктар паси сар намудани беморӣ”-, иброз дошт Сваминатан.
Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, ки навъи “Делта” коронавирусро дар миёни беморон пайдо накардаанд. Аммо дар пасманзари хабарҳо аз гирифтории даҳҳо нафар дар минтақаҳои гуногун, мақомот рӯзи 21-уми июн хабар доданд, ки ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ сабт шудааст. Ба гуфтаи мақомот, дар чаҳор рузи ахир 63 нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз оғози беморӣ дар кишвар дар умум 13371 нафар ба COVID-19 сироят ёфтааст ва 90 нафар фавтидааст. Коршиносони мустақил ба омори Вазорати тандурустӣ бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, миқёси сирояти коронавирус ва талафот аз он ба маротиб бештар аст.