Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президентҳо Раҳмон, Мирзиёев ва Тоқаев амнияти Афғонистонро баррасӣ карданд


Президент Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Узбекистон ва Қосимҷомарт Тоқаев президенти Қазоқистон вазъи амнияти марзи кишвар бо Афғорнистонро баррасӣ кард. Дафтари матбуоти раисҷумҳур рӯзи 23-уми июн гуфт, ки суҳбати президентҳо телефонӣ сурат гирифт.

Ин суҳбат дар ҳоле доир шуд, ки рӯзе қабл нерӯҳои Толибон чанд минтақаро дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ишғол карда, аз ҷумла гузаргоҳи Шерхон Бандар ва Кокулро зери даст гирифтанд. Дар натиҷа 134 нафар низомиёни Афғонистон ба ҳамлаҳои Толибон тоб наоварда маҷбур ба ақибнишинӣ ба Тоҷикистон шуданд.

Дар гуфтугӯи алоҳидаи президентони се кишвар амнияти марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон ва Узбекистону Афғонистон ташвишовар хонда шуд.

Дафтари матбуоти президент Раҳмон гуфт, “сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон сари ин ақида омаданд, ки талошҳои муштаракро ҷиҳати дастгирии пешбурди раванди сулҳи байниафғонӣ ва мусоидат ба истиқрори сулҳу субот ва амният дар Афғонистон идома диҳанд.”

Дар мулоқоти телефонии Раҳмон ва Тоқаев ҳам аз вазъи ногувори амният дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон иброҳи нигаронӣ карданд ва ба ин натиҷа расиданд, ки ниҳодҳои қудратии ду кишвар барои таъмини амнияти минтақа ҳамкории зичро ба роҳ монанд.

Дар гуфтугӯи раисҷумҳурон масоили дигари ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбекистон ва Қазоқистон баррасӣ шудааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG