Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи муҳокимаи гумонбари қатли Ҳувайдо


Ҳувайдо Тиллозода фарзанди муҳоҷирони тоҷик буд, ки дар шаҳри Серпухово зиндагиву кор мекарданд
Ҳувайдо Тиллозода фарзанди муҳоҷирони тоҷик буд, ки дар шаҳри Серпухово зиндагиву кор мекарданд

Интизор меравад, ҳафтаи оянда баррасии парвандаи Александр Сёмин, фарди муттаҳам дар таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозода, шаҳрванди панҷсолаи Тоҷикистон аз сар гирифта шавад. Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо 18 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз онҳо даъват кардаанд, ки рӯзи 22 юми июн ба додгоҳи вилояти Маскав барои ширкат дар муҳокима ҳозир шаванд. Ҳамин додгоҳ рӯзи 9-уми апрел қарор карда буд, ки Александр Сёмин бемори рӯҳӣ нест ва ин навбат на ба беморхонаи рӯҳӣ, балки ба боздоштгоҳи муввақатӣ интиқол дода шавад. Аз соли 2018, замони содир шудани куштор Сёмин дар Беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ нигаҳдорӣ мешуд. Масъулони сафорати Тоҷикистон мегӯянд, мурофиаро зери назорат доранд, то одилона баррасӣ шавад. Куштори бераҳмонаи духтари муҳоҷирони тоҷик ва давоми се сол бенатиҷа будани талошҳо барои ҷазо додани гумонбари асосӣ мояи нороҳатии бисёр афроди огоҳ аз ин қазияи мудҳиш шудааст.

XS
SM
MD
LG