Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико Рӯзи озодии ғуломон ҷашни сартосарӣ эълом шуд


Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико.

Ҷо Байден, президенти ИМА рӯзи панҷшанбе тарҳи қонунеро дар бораи эътирофи 19 июн ҳамчун ҷашни саросарии бекоршавии ғуломдорӣ дар Амрико имзо кард.

Ҳангоми муҳокимаи тарҳи қонун дар Маҷлиси намояндагони ИМА, Шейла Ҷексон Лӣ, вакил аз аёлати Техас гуфт, "ғуломдорӣ гуноҳи аслии Амрико буд".

Техас расман 19 июнро дар соли 1980 ҳамчун Рӯзи бекоршавии ғуломӣ эълом карда буд. Ин рӯз дар солҳои баъдӣ дар иёлоти дигари ИМА қабул шуд. Бино ба қонуни нав, 19 июнро дар Амрико "Рӯзи истиқлоли миллии 19 июн" унвон карданд.

19 июн 11-умин ҷашн дар ИМА аст, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ таҷлил мешавад. Дар ин рӯйхат ҷашнҳое амсоли Таваллуди Масеҳ, Соли нав, Рӯзи хайрхоҳӣ, Рӯзи истиқлол ва ғайра шомил ҳастанд.

XS
SM
MD
LG