Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти шоири шинохта Салимшо Ҳалимшо


Шоири шинохтаи тоҷик Салимшо Ҳалимшо рӯзи 15-уми июн дар сини 85-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ин шоири тоҷик тайи чаҳор соли ахир аз бемории фаромушхотирӣ ранҷ мебурд. Дар Итифоқи Нависандагон гуфтанд, ки тибқи васияти шоир ҷасади ӯ дар канори ҳамсараш дар оромгоҳи "Сариосиё" ба хок супурда мешавад.

Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯзи 15-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Салимшо Ҳалимшо аз шоирони тозагӯй дар адабиёти муосир буд.

Ин шоири тоҷик 16-уми феврали соли 1936 дар деҳаи Риваки Шуғнон ба дунё омадаст. Соли 1960 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар рӯзномаҳои "Тоҷикистони советӣ", ҳафтаномаҳои "Адабиёт ва санъат" ва "Пайванд" кор кардааст. Муддате дар мақоми мудири Шӯрои назми Иттифоқи навистандагони Тоҷикистон кор карда буд. Салимшоҳ Ҳалимшоҳ аз соли 1965 узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон буд.

"Роҳи қуллаҳо", "Киштии инқилоб", "Оинаи виҷдон", "Бурҷи Инсон", "Ҳафт хони Бадахшон", "Хонаи Офтоб", "Оби шаҳд", "Зодагони ҳафт тӯфон" ва драмаи "Кабутарони сафед" аз ҷумлаи осори ӯ ба шумор мераванд. Намунаҳое аз ашъори Салимшоҳ Ҳалимшоҳ ба забонҳои гуногун тарҷума ва чоп шудааст ва ӯ намунаҳоеро аз осори адибони ҷаҳон ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Салимшоҳ Ҳалимшоҳ унвони "Корманди шоистаи Тоҷикистон"-ро дошт ва соли 1997 бо ордени "Дӯстӣ" қадрдонӣ шуд.

XS
SM
MD
LG