Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҳафтгонаи Бузург” ба кишварҳои дунё миллиард воксин тақдим мекунанд


Намоиши эътирозӣ дар назди макони баргузории нишасти “Ҳафтгонаи Бузург”
Намоиши эътирозӣ дар назди макони баргузории нишасти “Ҳафтгонаи Бузург”

Дар Бритониё нишасти кишварҳои “Ҳафтгонаи бузург” рӯзи 13-уми июн ба поён расид.

Ин бори аввал буд, ки раҳбари ҳафт кишвар пас аз оғози пандемияи коронавирус бо ҳам дидор мекунанд. Мубориза бо пандемияи коронавирус низ яке аз мавзуҳои аслии ин нишаст буд.

Раҳбарони “Ҳафтгонаи Бузург” ваъда карданд, ки ба кишварҳои ҷаҳон на камтар аз миллиард вояи воксини зидди коронавирус тақдим мекунанд, ки нисфи он аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хоҳад буд.

Дар ин нишаст ҳамзамон тағйирёбии иқлим низ баҳс шуд. ИМА пешниҳод кард, ки барои рақобат бо Чин бояд дар кишварҳои рӯ ба рушд инфрасохторҳои наву пешрафта сохта шавад.

Ин пешниҳод вокуниши Чинро ба бор овард ва Вазорати корҳои хориҷаи ин кишвар гуфт, ки “набояд як гуруҳ кишварҳои хурд дар мавриди ояндаи ҷаҳон тасмим бигиранд.”

Ҷо Байден, президенти Амрико бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон мавзуи хатти гази Русия ба Олмонро низ баҳс карданд.

Ин хатти газро Олмон пуштибонӣ мекунад, вале ИМА мухолифи он аст.

Нишасти кишварҳои “ҳатфгонаи Бузург” аз соли 2014 баргузор мешавад ва дар он Канада, Фаронса, Олмон, Италия, Ҷопон, Британия Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мавзуҳои байналмилалиро баҳс мекунанд.

XS
SM
MD
LG