Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳаҷҷи имсола 60 ҳазор зоири эмшуда аз Арабистони Саудӣ роҳ меёбанд


30 июли соли 2020, маросими ҳаҷҷ дар давраи пандемия

Мақомот дар Арабистони Саудӣ гуфтанд, ки соли ҷорӣ ба 60 ҳазор зоири эмшуда ҳақ медиҳанд, ки маросими ҳаҷро иҷро кунанд. Мақомот инчунин тасдиқ карданд, ки имсол ҳам бо сабаби идомаёбии пандемияи коронавирус афроде, ки сокини ин кишвар нестанд, барои ширкат дар ин маросими бисёр муҳими мусалмонӣ роҳ дода намешаванд. Дафтари матбуоти вазорати ҳаҷҷи Саудия рӯзи 12 июн гуфт, ки “ширкат дар маросим барои шаҳрвандон ва сокинони шоҳигарӣ дар ҳаҷми на бештар аз 60 ҳазор нафар иҷоза дода мешавад”. Дар изҳорот таъкид шудааст, дар маросими имсола афроди аз 18 то 65-солаи бидуни бемориҳои музмим ва эмшудаҳо иштирок хоҳанд кард. Дар давраи то пандемия дар маросими ҳаҷ то 2 миллион нафар иштирок мекард ва аз Тоҷикистон ҳам солҳои охир шумори зоирон то 6 ҳазор нафар мерасид. Имсол маросими ҳаҷ аз 17 то 22-юми июл баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG