Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Қирғизистон гуфт, ба мудири Донишгоҳи амрикоӣ иҷозаи хуруҷ намедиҳад


Эндрю Качинс
Эндрю Качинс

Эндрю Качинс, президенти Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ наметавонад, аз Қирғизистон берун шавад.

Дар ин бора аз Додситонии кулли Қирғизистон хабар доданд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, мумкин аст, ӯро дар гузаргоҳ боздошт кунанд.

Охири моҳи апрели имсол Эндрю Качинсро дар Қирғизистон ба бозпурсӣ даъват карда буданд. Ӯро дар бораи бастаи фармоишҳое пурсиданд, ки аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ барояш фиристода шуда буд.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, дар таркиби онҳо маводи психотропӣ маҳфуз буд. Тафтишот ӯро дар "Таҳияи ғайриқонунии маводи мухаддир, маводи психотропӣ" гумонбар мекунад. Тафтиши парванда нисбат ба ӯ давом дорад.

Дэвид Лахдхир, узви шӯрои Донишгоҳи амрикоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, президенти донишгоҳ аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо дастури пизишкон дору фармоиш додааст.

Эндрю Качинс соли 2019 президенти Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ таъйин шуда буд.

XS
SM
MD
LG