Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси пешини Корхонаи роҳи оҳани Қирғизистон дубора дастгир шуд


Василий Дашков
Василий Дашков

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон раиси пешини Корхонаи давлатии "Қирғиз темир жолу" (Роҳи оҳан) Василий Дашковро дубора дастгир кард.

Тавре аз хадамоти матбуотии кумита хабар доданд, гуё дар фаъолияти Корхонаи роҳи оҳани Қирғизистон нақшаи фасодкорие ошкор шудааст.

Ба гуфтаи муфаттишон, Дашков аз моҳи май то моҳи декабри соли 2020 ба ҳисоби ширкатҳои хусусие ҳамчун ҳаққи интиқоли мол ғайриқонунӣ 1,1 миллиард сом (наздик ба 13 миллион доллар) гузарондааст.

Додгоҳи Якуми майи шаҳри Бишкек 18-уми майи имсол Дашковро ба шарти пардохти ҷуброн ба ҳабси хонагӣ маҳкум карда буд, вале ӯ то ҳол ҷубронро напардохтааст.

Кумита афзуд, ки ҳамчунин амали дигари "ғайриқонунӣ"-и Дашковро ошкор кардааст. Гуё ӯ аз моҳи январ то майи соли 2021 аз буҷаи корхона ҳудуди 490 миллиони дигарро ҷудо кардааст ва ҷамъан зарари расондаи ӯ ба давлат 1,5 миллиард сомро ташкил медиҳад.

Василий Дашков бо қарори сарвазири Қирғизистон Улуғбек Марипов 25-уми марти имсол аз вазифаи раиси Корхонаи роҳи оҳани он кишвар барканор шуда буд.

XS
SM
MD
LG