Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳишҳо таъсирбахш будани ваксинаҳои зидди COVID-19-ро нишон медиҳанд


Кишвари Уругвай дар Амрикои Ҷанубӣ маълумотеро нашр кард, ки таъсирбахш будани ваксинаҳои зидди COVID-19-ро нишон медиҳад.

Ҳукумати ин кишвар дар гузорише, ки рузи 8-уми июн нашр шуд, гуфт, бинобар ваксинаи чинии Sinovac, 95 дарсади ҳолатҳои маргу мир коҳиш ёфтааст.

Бар пояи пажӯҳиши нашркардаи ҳукумати Уругвай, ҳудуди 800 ҳазор нафар, ки моя ё дозаи дувуми Sinovac-ро дарёфт карда буданд, бо афроде, ки ваксина нагирифтанд, муқоиса шудаанд. Ин пажуҳиш таъсирбахш будани ин ваксинаро маълум кардааст. Пажӯҳиши ҳукумати Уругвай ҳамчунин 94 дарсад таъсирбахш будани ваксинаи Pfizer-ро тасдиқ кардааст.

То ин замон 52 дарсади аҳолии ин кишвар ҳадди ақал як дафъа ваксинаҳои Sinovac, Pfizer/BioNTech ва AstraZeneca-ро дарёфт кардаанд. 29 дарсади аҳолии ин кишвар ба таври комил ваксина гирифтаанд.

Миёни кишварҳои ҷаҳон дар мавриди ваксиназанӣ, Исроил пешсаф мебошад. Мақомоти ин кишвар қаблан иттилоъ дода буданд, ки ваксинаи Pfizer/BioNTech дар коҳиши маргу мир ва бистарӣ кардани сокинон муассир будааст.

XS
SM
MD
LG