Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати Амрико барои рақобат бо Чин 250 миллиард доллар ҷудо мекунад


Капитол

Сенати Конгресси Амрико рӯзи 8-уми июн лоиҳаи қонунеро ба тасвиб расонд, ки ҷудо кардани 250 миллиард доллар барои сармоягузории пажӯҳишҳои илмӣ дар мавриди истеҳсолоти технологии баландро пешбинӣ мекунад

Ҳадафи қонуни нав ҳифзи пештозии Амрико дар баробари Чин дар бахши навоварӣ аст.

Банди асосии лоиҳаи қонун дастгирии саноати нимноқилии амрикоӣ ва ҷудо кардани 50 миллиард доллар сармояи давлатиро барои он пешбинӣ мекунад.

Иёлоти Муттаҳида соли 1990-ум 37 дарсади нимноқилҳо дар ҷаҳонро таъмин мекард ва ҳоло ин ин рақам ба 12 дарсад поин омадааст. Қонунгузорҳои амрикоӣ нигаронанд, ки Амрико дар ин бахши муҳим барои рушди соҳаи технология аз ҳад зиёд вобастаи истеҳсолоти хориҷӣ мешавад.

​Бинобар ин, бо мақсади тавсеаи коркардҳое, ки боиси пешрафти технологӣ хоҳанд шуд, ба марказҳои пажӯҳишии давлативу хусусӣ ва донишгоҳҳо садҳо миллиард доллар сармоягузорӣ карда мешавад.

Ба ҷонибдорӣ аз лоиҳаи қонун 68 сенатор аз ҳар ду ҳизб раъй дода, 32 нафар зид баромадаанд. Мухолифони қонун мегӯянд, давлат набояд ба равандҳои бозорӣзиёд дохил шавад.

Палатаи намояндагони Конгресс низ лоиҳаи қонуни ҳамсонро баррасӣ дорад.

XS
SM
MD
LG