Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тихановская ба таҳримҳои бештар алайҳи ҳукумати Беларус даъват кард. ВИДЕО


Светлана Тихановская
Светлана Тихановская

Раҳбари мухолифини Беларус, Светлана Тихановская, даъват кард, ки ба зидди ҳукумати Александр Лукашенко таҳримҳои бештари кишварҳои ғарбӣ ҷорӣ шавад, "зеро ин иқдом ягона роҳи расонидани зиён ба режим аст".

Ба гуфтаи Тихановская, таҳрими иқтисодӣ метавонад, вазъиятеро ба вуҷуд орад, ки Лукашенко қудрати пардохти маоши низомиён ва афсарони полисро аз даст диҳад.

Рӯзи 8-уми июн дар қароргоҳи Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага раҳбари мухолифин дар бораи зарурати мубориза барои раҳоии маҳбусони сиёсии Беларус низ ҳарф зад.

Пас аз интихоботи президентии Беларус дар моҳи августи соли 2020, ки ба қавли мухолифин бо пирӯзии Тихановская ба анҷом расида буд, ӯ бо таҳдид рӯ ба рӯ шуда, Беларусро тарк кард.

Сарфи назар аз эътирозҳои мардумӣ ва иттиҳоми тақаллуб дар овоздиҳӣ, Лукашенкои 66-сола дар интихобот пирӯз эълон шуд. Ӯ аз соли 1994 Беларусро раҳбарӣ дорад.

Тихановская ба зидди Лукашенко таҳримҳои бештар хост
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:23 0:00

XS
SM
MD
LG