Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IAEA Куриёи Шимолиро ба истеҳсоли плутоний муттаҳам кард


Мудири кулли Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ (IAEA) Рафаэл Гроссӣ, 7-уми июни 2021
Мудири кулли Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ (IAEA) Рафаэл Гроссӣ, 7-уми июни 2021

Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ (IAEA) изи ҷудосозии плутонийро аз сӯзишвории коркардшудаи реактурӣ дар Куриёи Шимолӣ мушоҳида кардааст.

Сардори оҷонс Рафаэл Гроссӣ рӯзи 7-уми июн гуфт, эҳтимол маводе, ки Куриёи Шимолӣ истеҳсол кардааст, дар сохтани силоҳи ҳастаӣ истифода карда шавад.

Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ ба иншооти ҳастаии Куриёи Шимолӣ дастрасӣ надорад. Пхенян соли 2009 аз ҳайати кишварҳои нозири СММ, ки бо мониторинги корҳо дар бахши истифодаи нерӯи ҳастаӣ машғул ҳастанд, хориҷ шудааст.

Бино бар ин, тавре "Садои Амрико" навиштааст, ин созмон, ки қароргоҳаш дар Вена аст, фаъолиятҳои Пхенянро тавассути моҳвора пайгирӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG