Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ хост, кишварҳои доро ба давлатҳои нодор воксинаи зидди COVID-19 диҳанд


 Тедрос Аданом Гебреусес, раҳбари СҶТ
Тедрос Аданом Гебреусес, раҳбари СҶТ

Раҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар як даъвати навбатиаш аз раҳбарони кишварҳои доро хост, ки барномаи эмкунии зидди COVID-19-ро, ки СММ барои кишварҳои нодор роҳандозӣ кардааст, дастгирӣ кунанд. Дар муроҷиат ба раҳбарони кишварҳои Гурӯҳи Ҳафтгона, ки ба он пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон шомил мешаванду ҳафтаи ҷорӣ дар Инглистон ҷамъ меоянд, Тедрос Аданом Гебреусес хост, раҳбарон вокуниши ҳамоҳангшуда ба дастрасии кишварҳои нодор ба воксинаро ба намоиш гузоранд. Ба гуфтаи раҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, бо гузашти шаш моҳ аз шурӯи эмкунии зидди COVID-19, дар кишварҳои сарватманд дастрасии воксина тахминан 44 дарсад ва дар кишварҳои нодор 0,4 дарсадро ташкил додааст. Ӯ гуфт, “чизи ноумедкунанда ин аст, ки дар давоми моҳҳо ин омор тағйир намеёбад”.

Дар назди СҶТ барномаи бо номи COVAX таъсис шудааст, ки махсус барои ёрӣ ба кишварҳои нодор аз назари таъмини воксинаи зидди COVID-19 амал мекунад. Тоҷикистон ҳам дар доираи ин барнома даҳҳо ҳазор дода воксина дарёфт кардааст, вале он дарсади хеле ками аҳолиро фаро мегирад.

XS
SM
MD
LG