Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалний аз беморхона ба зиндон интиқол ёфт


7 июн, Алексей Навалний аз дохили зиндон тавассути видео-конфронс дар мурофиаи додгоҳиаш зидди маъмурияти зиндони рақами 2 иштирок мекунад. Парвандаро додгоҳи ноҳияи Петишинскии вилояи Владимир муҳокима мекунад
7 июн, Алексей Навалний аз дохили зиндон тавассути видео-конфронс дар мурофиаи додгоҳиаш зидди маъмурияти зиндони рақами 2 иштирок мекунад. Парвандаро додгоҳи ноҳияи Петишинскии вилояи Владимир муҳокима мекунад

Сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний аз беморхонаи знидон ба маҳбаси рақами 3-и минтақаи Владимир бурда шуд. Як намояндаи раҳбарияти зиндони рақами 3 рӯзи 7-уми июн дар додгоҳе, ки дар он шикояти Навалний аз маҳбаси рақами 2 баррасӣ мешавад, хабар дод, ки сиёсатмадори мунаққиди Кремлин ба зиндони воқеъ дар шаҳри Покров баргардонида шуд. Навалнийро, ки бо талаби баргузории як муоинаи бетарафонаи тиббӣ даст ба гуруснанишинӣ зад, моҳи апрел ба зиндони рақами 3 интиқол доданд. Ӯ рӯзи 23-юми апрел гуруснанишинии 24-рӯзаро хотима дод.

Навалний дар шикояташ аз зиндони рақами 2 гуфт, ки маъмурият ба ӯ намегузорад, ки нашрияҳоро пурра мутолеа кунад, бархе мақолаҳо мебуранд ва ҳам намегузоранд, ки китоб хонад.

Навалний августи порсол дар паи як заҳродушавӣ дар Сибир бо заҳри навъи низомии “Новичок” барои муолиҷа ба Олмон интиқол дода шуд. Вақте ним сол баъдаш ба Маскав баргашт, ӯро боздошт карданд ва гуфтанд, ки бо сабаби вайрон кардани қарори додгоҳ аз соли 2014 дар бораи ҳабси шартӣ ба 2,5 соли зиндон маҳкум мешавад. Навалний гуфтааст, ки ӯро бо амри президент Владимир Путин заҳролуд карданд, вале Кремлин ин иттиҳомотро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG