Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский гуфт, мехоҳад бо Байден пеш аз мулоқоташ бо Путин дидор кунад


Акси сохташудаи президентони ИМА ва Украина - Ҷо Байден ва Владимир Зеленский
Акси сохташудаи президентони ИМА ва Украина - Ҷо Байден ва Владимир Зеленский

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ки мехоҳад пеш аз мулоқоти раҳбарони ИМА ва Русия бо Ҷо Байден дар бораи таҳримҳои амрикоӣ аз болои тарҳи лӯлаи гази “Северный поток-2” гуфтугӯ кунад. Зеленский дар як мусоҳибааш бо вебсайти амрикоии Axios гуфт, ки ба хотири водор кардани Вашингтон ба хатми сохтмони лӯлаи газ “омода аст бо Байден дар ҳар нуқтаи ҷаҳон ва ҳар лаҳзати имконпазир” дидору гуфтугӯ кунад.

Байден моҳи май гуфт, ба хотири ин ки тарҳи мазкур тақрибан сохта тамом шудааст ва ҳифзи муносибатҳои хуб бо Олмон даст аз таҳрими ин тарҳ мебардорад. Зеленский дар мусоҳибааш, ки рӯзи 6-уми июн нашр шуд, гуфт, ки ИМА пеш аз он ки даст аз таҳрим бардошт, аломат дод, ки кори ин тарҳро масдуд мекунад. Зеленский гуфт, ки аз қарори ахири Амрико ноумед шудааст.

Вале сухангӯи Кохи Сафед ба Axios гуфт, ки машваратҳояшро бо Олмон идома медиҳад ва ҳамзамон ба Олмон фишор меорад, то ки “хатарҳои тарҳи “Северный поток-2”-ро ба Украина ва амнияти энержии Аврупоро мадди назар дошта бошад. Сухангӯ афзуд, ки дар мулоқоти Байден ва Владимир Путин президенти Амрико аз мавқеи ҳимоят аз “тамомияти арзии Украина” сӯҳбат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG