Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Резо Габриадзе, муаллифи сенарияи "Мимино" даргузашт


Резо Габриадзе
Резо Габриадзе

Резо Габриадзе, як филномасози бисёр маъруфи гурҷӣ дар синни 84-солагӣ дар Тифлис даргузашт. Давраи филмҳои шӯҳратёри ӯ ба солҳои 1960-1980-уми шӯравӣ рост меояд. Габриадзе рӯзи 6-уми июн аз бемории номаълум даргузашт. Габриадзе на танҳо дар филмсозӣ тавоно буд, балки театри маъруфи лӯхтаксозӣ ҳам дошт, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ шудааст.

Ризо Габриадзе муаллифи сенарияҳои филмҳои маъруфи коргардон Георгий Данелия “Мимино” (дар ҳамкорӣ бо Викторрия Токарева), “Не горюй”, “Кин-дза-дза” ва дигарҳо мебошад.

Габриадзе як наққошу ҳайкалтароши маъруф ҳам буд. Бисёр корҳои сохтаи ӯ дар коллексияҳои хусусии хориҷӣ, аз ҷумла дар ИМА, Олмон, Фаронса, Ҷопон ва Исроил нигаҳдорӣ мешаванд. Георгий Данелия соли 2019 дар 88-солагӣ даргузашт.

XS
SM
MD
LG