Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарзода гуфт, селҳо 10 миллион доллар зиён оварданд


12 май, Кӯлоб. Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода маҳалҳои офатзадаро аз назар мегузаронад
12 май, Кӯлоб. Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода маҳалҳои офатзадаро аз назар мегузаронад

Боронҳои шадид ва селфароӣ дар моҳи май ба иқтисоди Тоҷикистон 10 миллион доллар зиён овардааст. Рустам Назарзода, раҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо РИА Новости гуфт, дар панҷ соли ахир ин харобиовартарин офатҳои табиии мавсимӣ дар Тоҷикистон будааст. Назарзода гуфт, ки селу обхезии рӯзҳои 10-11-уми май ҷони 9 нафарро гирифт ва ба иқтисоду кишоварзии ҷануби Тоҷикистон ба маблағи тақрибан 10 миллион доллар зарар расонид. Нисфи хисороти баҳорӣ ба шаҳри Кӯлоб рост омадааст. Дар вилояти Хатлон чор ноҳия зиён дида зиёда аз 128 ҳектар замини кишти ғалладона, картошкаву пиёз нобуд шудааст. Рустам Назарзода ваъда додааст, ки барои қурбониёни офатҳои табиӣ то нимаи моҳи августи имсол дар масоҳати 100 метри мураббаъ хонаҳои хиштӣ сохта мешаванд.

XS
SM
MD
LG