Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

G7 ба созиши "таърихӣ" дар мавриди пардохти молиёт даст ёфтааст


Лондон
Лондон

Вазирони молияи ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон ё G7 ба ҷорӣ кардани дастикам 15 дарсад молиёт (андоз, налог) ба ширкатҳои бузурги ҷаҳон розӣ шудаанд. Тавофуқ 5-уми июн, баъд аз ҷаласаи дурӯзаи онҳо, дар Лондон эълом шуд.

Вазири молияи Олмон дар поёни нишаст гуфт: "Фирор аз пардохти молиёт барои кишварҳои бузург дар саросари ҷаҳон душвортар хоҳад буд. Ин паёми хуб барои мардуми кишварҳои мост. Ба вижа, ғӯлҳои бузурги технология бояд саҳми одилонаашонро пардохт кунанд ва ин низ муваффақияти хуб аст."

Ин иқдоми муҳим бо ҳадафи ҷалби ширкатҳои бузург ба монанди Гугл, Фейсбук ва Амазон барои пардохти ҳазинаҳои бештар ба буҷети давлатҳо анҷом мешавад, ки аз бемории ҳамагир таъсир дидаанд.

Ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон (G7), ки Бритониёву Канада, Фаронса, Олмону Итолиё ва Ҷопону Амрикоро дар бар мегирад, умед доранд, ин тарҳ дар ҷаласаи моҳи ояндаи G20 ба тавофуқи ниҳоӣ бирасад.

XS
SM
MD
LG