Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳлилгари сиёсии маъруф аз Беларус фирор кардааст


Роман Пратасевич дар суҳбат бо расонаҳои давлатии Беларус аз Артем Шрайбман ном бурдааст
Роман Пратасевич дар суҳбат бо расонаҳои давлатии Беларус аз Артем Шрайбман ном бурдааст

Артем Шрайбман, таҳлилгари сиёсии маъруф, пас аз он ки номаш дар суҳбати хабарнигори боздоштшуда Роман Пратасевич садо дод, аз хавфи зиндонӣ шудан аз Беларус фирор кардааст.

Пратасевич 23-юми май, баъди ба таври маҷбурӣ дар фурудгоҳи Минск поин овардани ҳавопаймои Ryanair, дастгир шуд. Ҳавопаймо аз Афина ба Вилнюс мерафт.

Вай рӯзи 3-юми июн дар суҳбат бо расонаҳои давлатии Беларус гуфт, дар ҳамкорӣ бо ҷунбишҳои демократихоҳи Беларус ба авҷ гирифтани "бетартибиҳои оммавӣ" ёрӣ кардааст. Дар ин мусоҳиба аз чанд кас, аз ҷумла Артем Шрайбман ном гирифт.

Шрайбман рӯзи 5-уми июн дар Телеграм навишт, ки Пратасевичро барои ин изҳорот гунаҳкор намекунад, чун ба қавли ӯ, рӯзноманигор "гаравгон"-и режими Александр Лукашенко аст.

Таҳлилгар афзуд, барои мухолифин кор намекунад, балки нозири сиёсӣ асту бас. Аммо айни замон гуфт, пас аз изҳороти Пратасевич аз боздошти худсарона метарсад.

Хонаводаи Роман Пратасевич ва мухолифин дар Беларус мегӯянд, мусоҳиба бо рӯзноманигори боздоштшуда таҳти фишор ва шиканҷаи эҳтимолӣ сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG