Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди Косово фиристодаи калони ИМА бо мақомоти Сербия гуфтугӯ кард


3 июн, Белград. Дар акс аз чап ба рост: Ёвари муовини котиби давлатии ИМА Метю Палмер, Александр Вучич, президенти Сербия  ва фиристодаи Иттиҳоди Аврупо дар музокироти Белграду Приштина Мирослав Лайтсак
3 июн, Белград. Дар акс аз чап ба рост: Ёвари муовини котиби давлатии ИМА Метю Палмер, Александр Вучич, президенти Сербия  ва фиристодаи Иттиҳоди Аврупо дар музокироти Белграду Приштина Мирослав Лайтсак

Ёвари муовини котиби давлатии ИМА Метю Палмер ва фиристодаи Иттиҳоди Аврупо дар музокироти Белграду Приштина Мирослав Лайтсак ба Сербия рафтанд, то ин кишварро ҳам водор бикунанд, ки барои оддӣ шудани равобит бо Косово муколамаро аз сар бигиранд. Александр Вучич, президенти Сербия дар як изҳороташ тавассути Инстаграм рӯзи 3-юми июн баъди анҷоми гуфтугӯяш бо мақомоти амрикоиву аврупоӣ навишт: “Бовар дорам, ки дар муколама бо Косово имкони дастёбӣ ба созиш вуҷуд дорад”. Ҳукумати Сербия гуфтааст, ки оддӣ шудани равобит бо Косово дар авлавияти кор қарор дорад. “Вале пеш аз ҳама бояд мувофиқаҳои қаблан бадастомада иҷро шаванд. Белград аз ҷониби худ тамоми ӯҳдадориҳои кардаашро иҷро намуд ва интизор аст, ки ҷониби дигар мутобиқи ваъда амал кунад”, гуфтааст нахуствазири Сербия Ана Брнабич дар сӯҳбат бо Палмер.

Зимни мулоқоти Палмер ва Лайтсак бо мақомоти Косово намояндагони ҳукумат дар Приштина гуфтаанд, ки ҳоло бо муқобила алайҳи пандемияи коронавирус банд ҳастанд ва муколама бо Сербия дар авлавияти кори онҳо нест. ИМА ва Иттиҳоди Аврупо гуфтаанд, ки оддӣ шудани муносибатҳои Сербия ва Косово барои ҳамгироии баъдии онҳо дар сохторҳои авроатлантикӣ хеле муҳим мебошад.

XS
SM
MD
LG