Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват аз G7: кишварҳои нодорро бо воксинаи зидди COVID-19 таъмин кунед


1 июн, Карочи. Афроди бехона дар шароити маҳдудиятҳои пандемияи коронавирус дар хиёбонҳо мехобанд
1 июн, Карочи. Афроди бехона дар шароити маҳдудиятҳои пандемияи коронавирус дар хиёбонҳо мехобанд

Раҳбарони чор созмони азими байналмилалӣ аз раҳбарони ҷаҳон хостанд, ки миллиардҳо долларро ба хариди воксина барои кишварҳои нодор равона кунанд, то ки пандемияи коронавирус таҳти назорат гирифта шавад. Дар муроҷиати рӯзи 1-уми июни Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Бонки Ҷаҳонӣ, Сандуқи байналмилалии пул ва Созмони ҷаҳонии тиҷорат гуфта шудааст, ки афзоиши шикоф дар миёни кишварҳои дорову нодор боиси пайдоишу паҳншавии шаклҳои нави коронавирус мешавад. Дар изҳороти муштараки ин созмонҳо, ки матнаш дар нашрияи Washington Post чоп шуд, омадааст, ки “барои хатми бӯҳрони беҳдоштӣ бояд ба пандемияи COVID-19 дар саросари ҷаҳон нуқта гузошта шавад”. Раҳбарони чор созмон рӯзи 1-уми июн инчунин дар муроҷиат ба Гурӯҳи Ҳафтгонаи кишварҳои сарватманд хостанд, ки барномаи ихтисоси 50 миллиард доллар ёрӣ барои афзоиши эмкунӣ дар кишварҳои нодорро пуштибонӣ кунанд. Қарор аст ин созмонҳо моҳи июн дар Бритониё ҷаласа барпо кунанд.

XS
SM
MD
LG