Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонандагон дар Тоҷикистон аз 7 июн ба таътили тобистона мераванд


Бо як фармони вазири маориф ва илми Тоҷикистон, хонандагони синфи якум аз 3-юми июн ва муҳассилони синфҳои 2-11 аз 7-уми июн ба таътили тобистона мераванд. Ин тағйирот дар ҳолест, ки аксар сокинону волидон аз тӯлонӣ ва мушкил будани таҳсили кӯдакон дар синфхонаҳои гарм шикоят доштанд. Бо қарори қаблии Вазорати маориф таҳсили мактаббачаҳо бояд аз 7 то 14-уми июн идома мекард.

Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илм, рӯзи 2-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи корӣ дар ин масъала як моҳи охир кор кард ва тасмими вазорат ин шуд, ки хонандагони мактаб барвақттар ба таътил раванд. Ҳамин тавр, ба иттилои вазорат, имтиҳон дар мактабҳо ҳам то 17-уми июн идома хоҳад кард.

Соли гузашта хонандагони мактабҳои миёнаро аз 27-уми апрел то миёнаҳои моҳи август ба таътил фиристоданд. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ин вазъро ба мавҷудияти коронавирус дар кишвар рабт дода буд.

Волидону сокинон ахиран бо муроҷиати дастҷамъона ба раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти дигар хостанд, замони таҳсили кӯдакон дар тобистон кам карда шавад. Онҳо аз он шикоят доштанд, ки таҳсил то миёнаҳои моҳи июн дар фасли тобистон мушкил аст ва кӯдакон ҳам, ки имсол барвақт ба таҳсил оғоз карданд, хеле хаста шудаанд.

То ҳашт сол пеш дар Тоҷикистон соли таҳсил мисли замони Шӯравӣ рӯзи 25-уми май ҷамъбаст мешуд ва занги охир ҳам дар ҳамин рӯз садо медод. Вале дар солҳои ахир бо тасмими мақомот муҳлати таҳсил дар мактабҳо тамдид шуд ва дарсҳо то ба 7-ум ва баъдан 14-уми июн идома мекарданд.

XS
SM
MD
LG