Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон сафар кард


Russia -- Emomali Rahmon, president of Tajikistan, during his official visit to Moscow, 16Apr2019
Russia -- Emomali Rahmon, president of Tajikistan, during his official visit to Moscow, 16Apr2019

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 2-юми июн дар раъси як ҳайати баландпоя бо сафари расмӣ ба Покистон рафт.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони нақлиёт, фарҳанг, маориф ва илм, директори Оҷонсии зидди фасод, раисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Боздиди президенти Тоҷикистон аз Покистон 2 рӯз идома мекунад.

Рӯзи гузашта Вазорати корҳои хориҷии Покистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати нахуствазири он кишвар Имрон Хон ба Исломобод меравад.

Дар ҳоле, ки ҷониби Тоҷикистон барномаи сафари Эмомал Раҳмонро эълон накардааст, аммо Вазорати корҳои хориҷии Покистон хабар дод, ки дар музокироти дуҷониба ҳайати Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати мизбонро нахуствазири он кишвар Имрон Хон раҳбарӣ мекунанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Покистон, интизор меравад, ҷонибҳо дар мавриди ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, сиёсат, сармоягузорӣ, амният, дифоъ, фарҳанг, маориф ва робитаҳои минтақавӣ, баҳсу гуфтугӯ кунанд.

Дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Покистон Ориф Алавӣ мулоқоти ҷудогона дошта бошад.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 то кунун ҳафт бор ба Покистон сафар кардааст. Ӯ бори охир дар моҳи марти соли 2017 барои ширкат дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Покистон рафта буд.

Тоҷикистону Покистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавие чун Созмони Милали Муттаҳид , Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Созмони Кишварҳои Исломӣ ҳамкорӣ доранд.

Покистон ҳоло умед дорад, ки бо пурра шудани тарҳи CASA-1000 аз Тоҷикистону Қирғизистон барқ бигирад. Аз Покистон умдатан мева ва маводи ғизоӣ ба Тоҷикистон ворид мешавад.

XS
SM
MD
LG