Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Чин 300 000 дона ваксинаи CoronaVac мегирад


Ваксинаи истеҳсоли Чин
Ваксинаи истеҳсоли Чин

Тоҷикистон аз Чин ҳамчун ёрии башардӯстона 300 ҳазор воя (доза) ваксинаи CoronaVac мегирад. Намояндагони мақомоти ду кишвар дар ин бора ба созиш расидаанд.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти беҳдоштии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, рӯзи 1-уми июн ба хабаргузории расмии "Ховар" гуфтааст, "ин миқдор ваксина барои фарогирии 150 ҳазор нафар дар ду давра пешбинӣ шудааст."

"Ҳоло масъалаҳои техникӣ, шароити ҳамлу нақл ва таҳвили CoronaVac ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад", -- афзудааст ӯ.

Тоҷикистон дар моҳи марти имсол аз Ҳиндустон 192 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca оварда буд, вале "бино бар вазъи беҳдоштӣ дар он кишвар нақшаи дастрас кардани ваксинаи истеҳсоли Ҳиндустон тағйир ёфтааст".

Мақомот мегӯянд, то ин дам 80 ҳазор кас дар Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус гирифтанд.

Ба иттилои расмӣ, дар умум сирояти бемории COVID-19 ба 13 ҳазору 308 кас дар Тоҷикистон тасдиқ шуда, 90 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд. Вазорати тандурустӣ аз 10-уми январи имсол ба ин тараф дар бораи сироят нашудани коронавирус гузориш медиҳад, аммо шубҳаҳо боқист.

XS
SM
MD
LG