Эмомиддин Бобоев, машҳур бо лақаби Махсуми Эмомиддин, рӯҳонии тоҷик, дар 83-солагӣ даргузашт. Маросими видоъ ва дафни ӯ 31-уми май дар деҳаи Чимтеппа, канори шаҳри Душанбе, баргузор шуд.
Пайвандонаш гуфтанд, Эмомиддин Бобоев рӯзи 30-юми май бар асари бемории қанд ва сактаи қалб фавтидааст.
Ӯ аз шогирдон ва пайравони мактаби Қорӣ Муҳаммадҷон Рустамов, маъруф ба Мавлавии Ҳиндустонӣ ва аз ҳамсабақони домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ гуфта мешавад.
Махсуми Эмомиддин ҳудуди 15 сол дар Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам дар шаҳри Душанбе дарс дода, соле қабл ба рухсатӣ рафтааст. Дар Донишкадаи исломӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “ӯ дар бисёре аз масоили фиқҳӣ ва шариат дониши амиқ дошт” ва ходимони дин аксар вақт аз ӯ дар мавриди масоили никоҳу талоқ машварат мепурсиданд.
Ба гуфтаи пайвандон, махсуми Эмомиддин Бобоев китоберо ҳам дар масоили динӣ таҳия карда, ба итмом расонида буд, аммо барои нашри он фурсат наёфт.