Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфт, дар гуфтугӯҳои ҳастаӣ пешрафте ҳосил шудааст, вале кори зиёд дар пеш аст


Музокироти Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ сари масъалаи барномаи ҳастаии Эрон дар Вена мегузарад
Музокироти Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ сари масъалаи барномаи ҳастаии Эрон дар Вена мегузарад

Эрон гуфт, ки дар музокироти қудратҳои ҷаҳонӣ барои зинда кардани созиши калидии ҳастаӣ пешрафте ҳосил шудааст, ҳарчанд бархе масоили муҳим ҳалношуда боқӣ мемонад. Дар Вена Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ аз моҳи апрел ба ин сӯ музокира барпо кардаанд, ки ҳадафаш сабук кардани таҳримҳои Эрон, назорат аз фаъолиятҳои ҳастаии ин кишвар ва бозгардони Теҳрон ба созиши соли 2015-и ҳастаӣ мебошад. Сухангӯи вазири хориҷаи Эрон Саид Хатибзода дар як сӯҳбати телевизиониаш рӯзи 31-уми май гуфт: “Ҳар даври музокирот дар Вена метавонад ниҳоӣ шавад. Вале мо набояд саросема кор кунем. Мо ба як пешрафте даст ёфтем, аммо масоили калидӣ боқӣ мемонад”. Хатибзода афзуд, ки “дар гуфтугӯҳои Вена ҳеҷ ҳолати ноилоҷӣ вуҷуд надорад”

Бар асоси нақшаи муштараки густурда барои амал, Эрон бояд бар ивази сабук шудани таҳримҳои байналмилалӣ аз фаъолиятҳои ҳастаӣ даст кашад. Созиши мазкур се сол пеш баъди аз қарордоди ҳастаӣ берун шудани президенти собиқи ИМА Доналд Трамп қабул шуд.

XS
SM
MD
LG