Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи фурӯши билети ҳавопаймо аз Қирғизистон ба Тоҷикистон


Фурудгоҳи Бишкек
Фурудгоҳи Бишкек

Мақомоти Қирғизистон ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва саёҳии кишвараш фурӯхтани билетҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистонро манъ карданд. Хабаргузориҳои қирғизӣ аз қавли мақомоти ҳавоии ин кишвар навиштанд, ки маҳдудият то огоҳии иловагӣ идома хоҳад кард. Мақомоти қирғиз рӯзи 21-уми май хабар доданд, ки марз бо Тоҷикистонро бастаанд ва ба шаҳрвандони ин кишвар то ҳалли баҳси марзӣ иҷозаи вуруд ва хориҷ шуданро намедиҳанд. Ҷониби Тоҷикистон гуфт, аз ин тасмими мақомоти қирғиз замоне хабар ёфтанд, ки субҳи 26-уми май ҳавопаймои ширкати "Сомон эйр"-ро бо 177 мусофир аз Бишкек ба Душанбе пас гардонданд. Муносибати Тоҷикистон ва Бишкек пас аз муноқишаи хунин дар охири моҳи апрел ба сардӣ гароид.

XS
SM
MD
LG