Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти сардабири як пойгоҳи мустақили хабарӣ дар Беларус


Алексей Шота. Акс аз моҳи феврали соли 2021
Алексей Шота. Акс аз моҳи феврали соли 2021

Мақомоти Беларус Алексей Шота, сардабири пойгоҳи мустақили хабарии Hrodna.life-ро дастгир карданд. Полиси Ҳродна рӯзи 30-юми май дар эъломияе гуфт, дар ин пойгоҳи хабарӣ матлаберо ҷой додаанд ки "экстремистӣ эътироф шудааст".

Иттиҳоди журналистони Беларус рӯзи якшанбе хабар дод, ки Шота дар наздикии хонааш дастгир шуд.

Додгоҳи Ҳродна моҳи марти имсол ӯро ба паҳн кардани матлаби “экстремистӣ” (ифротгароӣ) гунаҳкор дониста ва ҷарима баста буд.

Алексей Шота пештар дар Tut.by, бузургтарин расонаи мустақили Беларус, кор мекард. Полис дар аввали моҳи май тафтиши Tut.by-ро оғоз карда, манзили якчанд муҳарриронашро кофтукоб намуд ва вебсайтро баст.

Иттиҳоди рӯзноманигорони Беларус ҳафтаи гузашта гуфт, ки 27 корманди расона дар ин кишвар паси панҷара нишастаанд ва ё дар интизори мурофиаанд.

Аз моҳи августи соли гузашта, замоне ки раҳбари худкома Александр Лукашенкоро пирӯзи интихоботи баҳсбарангез эълон карданд, Беларусро эътирозҳои бесобиқа фаро гирифтааст.

XS
SM
MD
LG