Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корбарон мепурсанд, ки нархи билетҳои "Сомон Эйр"-ро кай поин меоранд? ВИДЕО


Таҷаммӯи мусофирони норозӣ, 26-уми майи 2021

Албатта, хабар доред, ки мақомоти Тоҷикистон ширкатҳои русиро барои бо нархи гарон фурӯхтани билетҳо муттаҳам карда, парвози чанде аз ҳавопаймоҳоро боздоштанд. Ин вазъ боис ба таҷаммӯи садҳо мусофири норозӣ дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе шуд.

Мусофирони бандмонда сабаби таъхири парвозҳоро пурсиданд, раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон, Икром Субҳонзода, рӯзи 26-уми май гуфт, ҳадаф бо ин васила поин овардани қимати билети сафар ба Русия аст.

Корбаре дар Фейсбук хитоб ба Субҳонзода гуфтааст, ҳоло мавзуъ нархи билет нест, балки ҳафтаҳо гуруснаву ташна дар назди фурудгоҳ мондани мусофирони соҳиби билет аст. Вай навиштааст: "Мардум дар кӯча хобанд, Шумо нав фикри арзон кардани чиптаро мекунед. Гапро ба дигар сӯ набаред. Инро чанд моҳ пеш бояд ҳал мекардед."

Даҳҳо хонандаи дигар дар сомонаи Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои мо дар Фейсбуку Инстаграм навиштаанд, агар ҳадаф арзон кардани нархи билети ҳавопаймоҳост, чаро Тоҷикистон ҷилави ширкатҳои худиро намегирад, то ба дигарон намуна шавад. Аз Тоҷикистон танҳо ширкати "Сомон Эйр" ҳаққи бурдану овардани мусофиронро дорад. Ин ширкат нуздаҳ сол пеш ташкил шуда, дар санадҳои расмӣ муассисаш CDH Investment Corporation ва яке аз шарикони корхонаи алюминиюми тоҷик зикр шудааст.

Хонандае, ки худро Азиз меномад, дар сомонаи Радиои Озодӣ навиштааст, "Ҷаноби Субҳонзода, ин қадар, ки талаботи қонун мегӯед, нархи билетҳои "Сомон Эйр"-и дастнорасро пасттар кунед."

Айни шарҳ дар Фейсбук зиёд аст. Дар ҳоле ки баъзе аз муштариёни ширкатҳои русӣ мегӯянд, билети сафарро бо нархи аз 8 то 12 ҳазор сомонӣ харидаанд, корбаре бо номи "Кабир Саҳроӣ" иддао дорад, ки "нархи билети "Сомон Эйр" аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ аст."

Масъулони ширкат дар гузашта харҷи бештарро сабаби нархи гарони билетҳо дониста буданд.

Хонандае, ки номи худро зикр накардааст, аз ҷомеаи Тоҷикистон хостааст, бо шикоят ба Созмони Байналмилалии Авиатсияи Шаҳрвандӣ барои арзон кардани билет ба "Сомон Эйр" фишор биоранд. Ӯ навиштааст: "Чаро номи "Сомон Эйр"-ро намегирӣ? Онҳо чиптаро ба чанд пул мефурӯшанд? Бояд зиёиёни мо бо забони онҳо муроҷиат кардан ба созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ғарбиро оғоз кунанд ва дар ин самт фаъол бошанд."

Дар ин миён шахсе бо номи Муҳриддин Фаттоев гуфтааст, мушкил дар ширкатҳои русӣ нест, балки нуқтаҳои фурӯши билет дар Тоҷикистон аст.

Шарҳи ӯро аз Фейсбук мехонем: "Аз билетфурӯшиҳои Русия мепурсӣ, нархи сафари Душанбе – Маскав 31 ҳазор рубл аст, дар Тоҷикистон мепурсӣ, 50 ҳазор рубл. Ҳамаро билетфурӯшҳо ва касоне, ки бо тиҷорати ин соҳа машғуланд, вайрон кардаанд."

Ҷамшед Собирҷонов аз мақомоти интизомӣ хостааст, ки вазъро ҷиддан назорат кунанд. Ӯ навиштааст, "барои муайян намудани ин ҳолатҳо ба истилоҳ ақли зиёде даркор нест. То охири моҳи июл ба 500 доллар билет нест, аммо барои ду-се рӯзи наздик ба нархи 800-900 доллар билет ҳаст."

"Билетҳои "Сомон Эйр" кай арзон мешавад?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

Гуруҳи дигари корбарон ба ин нукта таъкид кардаанд, ки Тоҷикистон ҳарчи зуд масъалаи билети парвозҳоро ба Русия ҳал кунад ё барои мардум дар кишвар ҷойи кор биофарад. Ҳар сол садҳо ҳазор кас барои кор аз Тоҷикистон ба Русия мераванд ва соли гузашта бо сабаби пандемия аксари онҳо дар кишвар дармонда, даромади худро аз даст доданд.

Назари Шумо дар бораи ин мушкил чист. Дар вебсайти мо бинависед ва ё дар видео сабт кунеду ба мо бифристед. Вотсапу Вайбер ва Телеграму Имо дорем. То дидор дар барномаҳои дигар.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG