Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тихановская аз ҳимояти байналмилалӣ ба зидди Лукашенко ситоиш кард


Светлана Тихановская
Светлана Тихановская

Светлана Тихановская, пешвои мухолифини режими Беларус, аз ҳимояти байнулмилалӣ ба зидди раҳбари худкомаи ин кишвар, Александр Лукашенко, ситоиш кард.

Ӯ ба хабарнигорон гуфт, ҳимояти байнулмилалӣ дар вокуниш ба маҷбурӣ фуруд овардани ҳавопаймои Ryanair дар Минск ва боздошти фаъоли мухолифин Роман Протасевич тавассути режими Беларус хеле эҳсосшаванда аст. "Он пуштибоние, ки дар Литва ва дар саросари ҷаҳон мебинам, маро сахт мутаассир кард", -- гуфт Тихановская рӯзи 29-уми май дар Вилнюс, маркази Литва.

Светлана Тихановская дар ҳоле дар ин маврид сухан гуфт, ки рӯзи шанбе дар кишварҳои аврупоӣ дар ҳамбастагӣ аз мухолифони режими Беларус эътирозҳо баргузор шуд.

Тазоҳурот ҳамчунон дар Киеву Варшава, шаҳрҳое, ки волидони Роман Протасевич, веблогнавису фаъоли мухолифини Беларус, ба сар мебаранд, баргузор шуд.

Протасевич бо фуруд овардани иҷбории ҳавопаймои ширкати Ryaniar дар майдони ҳавоии Минск аз сӯи мақомҳои Беларус боздошт шуд.

Шуморе аз кишварҳои аврупоӣ, Амрико ва НАТО хоҳони раҳоии фаврии ин фаъоли беларусӣ шудаанд. Иттиҳодияи Аврупо дар эътироз ба иқдоми Беларус ба парвози ҳавопаймҳои ин кишвар ба шаҳрҳои аврупоӣ таҳрим ҷорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG