Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг ва оштии тоҷиконро дар Бишкек намоиш доданд. ВИДЕО


Ҷанг ва Сулҳи Тоҷикон дар Бишкек

Дар маркази фарҳангии Қудуқ, ки спектакли “Оштӣ”-ро намоиш доданд, сарпӯшҳои мошинҳои ҷомашӯии “Киргизия” овезон кардаанд.

Маҳз бо сабаби ҷанги дохилӣ модарам ва азизонам маҷбур шуданд, ки маро раҳо кунанд

Сарпӯшҳое, ки ба ёди теъдоде аз мардум хотираи ҷанги дохилии Тоҷикистонро бармегардонад. Ҷанге, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома кард. Мардуми осоишта ин сарпӯшҳоро ба ҳайси сипар ба кор мебурданд. Дар он ҷанг бештар аз 50 ҳазор нафар кушта ва садҳо нафар беному нишон шуданд. Бештар аз як миллион нафар аз хонаҳояшон гурехтанду паноҳанда шуданд.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед:

Намоишномаи ҷанг ва сулҳи тоҷикон дар Бишкек
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Диана Раҳмонова, наққоши зодаи Тоҷикистон гуфт, “бисёриҳо аз ӯ мепурсанд, ки чаро сарпӯш намоиш додаст”. Ӯ дар посух мегӯяд, “баъзе аз қаҳрамонони ман ва ҳангоми таҳқиқ, аксарият ҳикоят мекарданд, ки ҳангоми ҷанг одамон худро аз тир бо сарпӯшҳои “Киргизия” муҳофизат мекарданд, барои ҳамин онҳоро инҷо овехтаем.”

Дар қисмати аввали спектакли “Оштӣ” видеоеро намоиш медиҳанд, ки дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон бардоштаанд. Дар пардаи сеқисматӣ, Душанбеи вайрон, афроди мусаллаҳ ва кӯдакони ятиммондаро мебинед. Ҳангоми намоиши видео, таронаи Манижаи Сангин, овозхони тоҷиктабори Русия дар бораи паноҳҷӯён садо медиҳад. Духтаре, ки дар видео мерақсад, наққош Диана Раҳмонова, муаллифи намоишномаи “Оштӣ” аст, ки даҳ сол боз дар Бишкек зиндагӣ мекунад. Бо истифода аз қудрати кӯдакон ва эҷодкорон ӯ мехоҳад, ҳама оқибатҳои бади ҷангҳои мусаллаҳонаро нишон бидиҳад. Ӯ мегӯяд, ки ба сабаби ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон 55 ҳазор нафар ятим монданд.

“Дар зиндагии худи ман ҳам ҷанг таъсири амиқе гузоштааст. Маҳз ба сабаби ҷанги дохилӣ модарам ва азизонам маҷбур шуданд, ки маро раҳо кунанд. Маҳз ба сабаби ҷанг. Фикр мекунам, ки шояд мисли ман одамоне дар Тоҷикистон зиёд бошанд, ки ҷанг ба зиндагиашон асаре гузоштааст.”,--гуфт Диана Раҳмонова.

Дар қисмати дуввуми намоишнома, Далер Назаров, овозхону оҳангсози шинохта, суҳбат мекунад. Ҳангоми ин монолог ҳунарпеша Талгат Бериков, нақши нонпазро бозӣ мекунад ва дар охири намоишнома бинандагон барои гирифтани нони гарм навбат меистанд. Рамзи онки дар замони ҷанги дохилӣ баъзеҳо нон надоштанд. Намоиши спектакли “Оштӣ” тақрибан як моҳ баъд аз муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт.

Дар ин низоъ 36 нафар аз Қирғизистон ва 19 кас аз Тоҷикистон кушта шуданд. Диана Раҳмонова, ки зодаи Тоҷикистон ва муқими Қирғизистон аст, мегӯяд, низоъ дар марз ягон пирӯз надорад.

Диана Раҳмонова дар поён гуфт: “Мехостам, аз ҷумла ба мардум муроҷиат кунам, ки дар воқеъ ҷангҳо, ҷанг байни фарҳангҳо, ё мардумон нест. Ин ҷангҳо ҳамеша ҷанг байни афроди шояд бисёр сарватманд ва бонуфуз ҳастанд.”

XS
SM
MD
LG