Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири корҳои хориҷии Арманистон аз мақомаш истеъфо дод


Ара Айвазян, вазири корҳои хориҷии Арманистон рӯзи 27-уми май аз мақомаш истеъфо дод
Ара Айвазян, вазири корҳои хориҷии Арманистон рӯзи 27-уми май аз мақомаш истеъфо дод

Вазири корҳои хориҷии Арманистон Ара Айвазян рӯзи 27-уми май ва шаш моҳ баъди таниши эҷодшуда дар равобит бо Озарбойҷон, ки баъди ҷанги шашҳафтаинаи тирамоҳи порсол эҷод шуд, аз мақомаш истеъфо дод. Сабаби расмии истеъфои вазир нашр намешавад. Анна Нағдалян, сухангӯи вазорати умури хориҷии Арманистон гуфт, ки феълан онҳо дар бораи сабабҳои тарки мақом кардани вазир шарҳе намедиҳанд. Номаи истеъфои вазир баъди ҷаласаи Шӯрои амнияти Арманистон имзо шуд. Дар ин ҷаласа мавзӯи таниши ахир дар равобити Озарбойҷону Арманистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Никол Пашинян, иҷрокунандаи вазифаи нахуствазири Арманистон дар ин ҷаласа гуфт, ки нирӯҳои посдори сулҳ бояд дар хати марзе, ки давоми ду ҳафтаи ахир мавриди ихтилофи нав бо Озарбойҷон шудааст, мустақар шаванд.

Маълум нест, ки дар ин замина мавқеи вазири хориҷӣ чӣ будааст.

Нашрияи маҳаллии “Ҳрапарак” навишт, ки Айвазян ба он хотир тасмим гирифт истеъфо бидиҳад, ки бо талошҳои Пашинян барои хатми низоъҳои марзӣ мухолифат кардааст. Ин талошҳои Пашинянро мухолифон маҳкум карданд. Ахиран нирӯҳои Озарбойҷон шаш сарбози арманиро дар марз боздошт намуданд.

XS
SM
MD
LG