Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: "Сибир" ҳақи парвоз ба Тоҷикистонро барқарор кард


Садҳо мусофир дар Душанбе ва Хуҷанд давоми як ҳафта натавонистанд бо билетҳои харидаашон ба Русия парвоз кунанд

Матбуоти русӣ менависад, ки ширкати ҳавоии "Сибир" дигарбораи иҷозати анҷоми парвозҳо ба Тоҷикистонро дарёфт кардааст. Рӯзи 18-уми май мақомоти тоҷик бинобар гаронии нархи билетҳои ин ширкат ба самти Русия парвози ҳавопаймоҳои онро ба Тоҷикистон манъ карданд. Чунин тасмим боиси сарсонии садҳо мусофирони тоҷике шуд, ки аллакай билети парвозро дар даст доштанд. Он замон намояндагони ширкати "Сибир" вуҷуди мушкилот ҷиҳати дарёфти иҷозати парвозро тасдиқ карда, изҳори умедворӣ намуданд, ки масъаларо ҳал хоҳанд кард. Ҳоло ширкати мазкур эълон намудааст, ки парвозҳои байни ду кишвар барқарор шудаанд. Ширкати "Сибир" аз Душанбе ва Кӯлоб ба шаҳрҳои русии Новосибирск, Астрахан, Кемерово, Барнаул ва Волгоград парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG