Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти рус дар фикри эмкунии муҳоҷирону донишҷӯёни хориҷӣ шуданд


Дар Русия аксар сокинон бо воксинаи маҳалии Sputnik V аз COVID-19 эм карда мешаванд
Дар Русия аксар сокинон бо воксинаи маҳалии Sputnik V аз COVID-19 эм карда мешаванд

Ҳукумати Русия дар андешаи шурӯи маъракаи эмкунии муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни хориҷӣ мебошад. Татяна Голикова, муовини сарвазири Русия ахиран гуфт, ки ин масъала дар сатҳи федеролӣ матраҳ хоҳад шуд. Зарурати эмгузаронии муҳоҷирон ва донишҷӯёни хориҷӣ аз коронавирусро волӣ ва ё губернатори вилояти Астрахан бо ҳукумати Русия дар миён гузошта буд. Игор Бабушкин гуфтааст, дар Астрахан эмгузаронӣ тибқи харитаи роҳ сурат мегирад. Дар айни замон ӯ изҳори нигаронӣ намудааст, ки бо зиёд шудани шумори муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин вилоят, хатари густариши коронавирус низ бештар мешавад. Қаблан мақомоти рус гуфта буданд, ки дар ояндаи наздик эмгузаронии муҳоҷиронро дар нақша надоранд.

Русия яке аз кишварҳои осебдида аз коронавирус ба шумор меравад ва бо шурӯи пандемия марзҳоро басту маҳдудияти сафар ҷорӣ кард. Танҳо дар аввали апрели имсол ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷоза шуд, ки бо ҳавопаймоҳои шуморашон маҳдуд дубора ба Русия сафар кунанд.

XS
SM
MD
LG