Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши нархи гази моеъ дар Хуҷанд


Гази моеъ дар Покистон ҳам серистифода мебошад
Гази моеъ дар Покистон ҳам серистифода мебошад

Дар шаҳри Хуҷанд афзоиши нархи гази моеъ мушоҳида мешавад ва ба навиштаи хабаргузории "Суғднюс", рӯзи 28-уми май як литр гази моей аз марзи 5 сомонӣ убур кард. Cабаби ҷаҳиши нарх маълум нест, вале ронандагон дар сӯҳбат бо ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки ҳамасола бо шурӯи корҳои кишоварзӣ қимати гази моеъ боло меравад. Вале то ба ин ҳад афзудани арзиши он бесобиқа будааст. Бахши вилоятии Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба Суғднюз гуфтааст, ки рӯзҳои наздик барои омӯхтани вазъи бозор ва нархгузории гази моеъ як гурӯҳи корӣ аз дастгоҳи марказии хадамот ба Суғд меоянд. Тибқи омори расмӣ, беш аз 60 дарсади нақлиёт дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мекунанд ва боло рафтани нархи ба арзиши маҳсулот дар бозорҳо таъсир мерасонад.

XS
SM
MD
LG