Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кор дар байни харобазор. Талош барои барқарории Ғазза пас аз ҷанг. ВИДЕО


Кӯмак ба Ғазза

Ҳукумати Қатар рӯзи 26-уми май эълон кард, ки барои барқарории шаҳри Ғазза 500 миллион доллар кумак мекунад. Ин шаҳри сераҳолӣ ва камбизоати фаластиниён дар натиҷаи ҷанги даҳрӯза байни Исроил ва гуруҳҳои мусаллаҳи фаластинӣ сахт осеб дид.

Иншооти зиёде вайрон шуд ва садҳо нафар ҳам дар ин ҷанг ҳалок шуданд. Ҳоло иддае аз сокинон дар харобаҳои ҷойи корашон дар пайи барқарории ҷойи кору зиндагиашон шудаанд.

Ҳошим Ҷаруша то аввали моҳи май инҷо сартарошхона дошт. Дар ҷанги 11-рӯзаи байни Исроил ва фаластиниён, ки рӯзи 10-уми май бархост, ҷойи кораш ба вайрона табдил ёфт.

Ӯ гуфт, ки "ба ман занг заданд, ки фавран ва дар панҷ дақиқа ҷойи корро холӣ кунам. Албатта барои ҳифзи ҷонамон, мо зуд гурехтем."

Видеоро ин ҷо тамошо кунед:

Кор дар байни харобазор. Талош барои барқарории Ғазза пас аз ҷанг
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Сартарошхонаи Ҳошим Ҷаруша дар шаҳри Ғазза дар натиҷаи зарбаи ҳавопаймоҳои исроилӣ хароб гашт. Ӯ гуфт, гӯиё осмон ба сараш афтод, чун аз ягона ҷойи кору даромадаш маҳрум шуд.

“Баъди вайрон шудани инҷо, дигар ҷое барои идомаи касбу кор ва шуғли дӯстдошта надоштам. Ин сартарошхона, василаи маошу даромад барои хонаводаам буд.”,--гуфт ӯ.

Дар ҷанги байни Исроил ва гуруҳҳои мусаллаҳи фаластиниён, на танҳо ҷойи кори Ҳошим Ҷаруша, балки иншооти зиёди дигаре дар ин маҳалли камбизоат вайрон шуд. Дар Ғазза 232 нафар ва дар Исроил 12 кас кушта шуданд. Азбаски Ҳошим Ҷаруша манбаи дигари даромад надорад, ба ҳамин ҷойи кораш баргашт: “Бо як курсӣ, миз ва оина, хостам корамро дар инҷо идома диҳам ва ҷойи корамро барқарор кунам, мисли пешина созам, ё беҳтар аз он кунам. Иншоллоҳ корамро идома медиҳам.”

Мизоҷонаш ҳам азм доранд, ба Ҳошим Ҷаруша дар барқарор кардани ҷойи кораш кумак кунанд.

Муҳаммад Абутариш, мизоҷи Ҳошим Ҷаруша мегӯяд, "мо ҳамчунон ба инҷо меоем, фарқ надорад, вайрон аст, ё не."

Ҷанг байни Исроилу Фаластиниён рӯзи 21-уми май бо созиши оташбас ба поён расид. Чанд кишвари ҷаҳон аз ҷумла Қатару Миср ва Амрико ваъда додаанд, ки дар барқарории Ғазза кумак мекунанд. Ҳоло маълум нест, бо ин кумакҳо сартарошхонаи Ҳошим Ҷарушаро ҳам барқарор мекунанд, ё не.

XS
SM
MD
LG