Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди оташбаси Исроилу Ҳамос идораҳои давлатӣ ба кор оғоз мекунанд


Қарор аст, идораҳои давлатӣ дар Навори Ғазза рӯзи 23-юми май дигарбора ба кор оғоз кунанд.

Як сухангӯи маъмурияти Фаластин мегӯяд, ҳангоми ҷанг миёни гуруҳи Ҳамос ва Исроил, фаъолияти ҳамаи идораҳо боздошта шуд, вале пас аз барқарории оташбас дубора аз сар гирифта мешавад.

Исроил мегӯяд, ҳадафаш аз ҳамлаҳои ҳавоӣ аз байн бурдани зербиноҳои гуруҳи Ҳамос буд, аммо бар асоси гузоришҳо ба биноҳои истиқомативу баландошёна, идораҳои тандурустӣ ва хадамоти умумии Навори Ғазза (ду миллион аҳолӣ) зиёнҳои молӣ расидааст.

Дар ҷанги ёздаҳрӯза беш аз 250 тан кушта шудаанд, ки аксарияташон фаластиниҳо ҳастанд. Исроил кушта шудани 12 нафарро дар шаҳрҳояш тасдиқ кард.

Оташбас рӯзи 21-уми май ба ҷанги миёни Исроил ва гуруҳи Ҳамос поён дод.

XS
SM
MD
LG