Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин корвони ёриҳои башарӣ ба Ғазза расидааст


Навори Ғазза. Беҷошудагон ба маконҳои вайроншудаи худ бармегарданд
Навори Ғазза. Беҷошудагон ба маконҳои вайроншудаи худ бармегарданд

Чун корвони нахустини ёриҳои башарӣ ба Навори Ғазза расид, бовар меравад, ки оташбаси байни нерӯҳои фаластинӣ ва Исроил риоят мешавад. Оташбас 21-уми май ба даст омад. Миёнравони мисрӣ талош доранд, ки тарафҳо як тавофуқномаи дарозмуддат имзо кунанд.

Аз сӯйи дигар, Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, бо ибрози умед барои идомаи оташбас, аз таъсиси давлати фаластиниён дар канори Исроил чун ягона роҳи ҳалли низоъ дар Шарқи Миёна ҳимоят кард.

Вай шаби ҷумъа дар Кохи Сафед ваъда кард, ки Иёлоти Муттаҳида бо кишварҳои дигар барои бозсозии Навори Ғазза як бастаи ёриҳои молии бузургро ҷудо мекунад.

Оташбаси рӯзи 21-уми май ба ҷанги ёздаҳрӯза миёни Исроил ва нерӯҳои фаластинӣ, ки сахттарин даргирӣ миёни тарафҳо дар солҳои ахир пиндошта мешавад, поён бахшид. Дар ин ҳодиса камаш 232 нафар дар Ғаза ва 12 кас дар Исроил кушта шуда, дар умум ҳудуди ду ҳазор нафар захмӣ гардиданд.

Дар ду рӯзи охир ҳазорон нафар дар Навори Ғазза, ки аз ҷониби гурӯҳи Ҳамос идора карда мешавад, ба маконҳои вайроншуда баргаштанд.

Пас аз он ки Исроил гузаргоҳро боз кард, рӯзи 22-юми май мошинҳои боркаш аз созмонҳои гуногуни байналмилалии кумакрасон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ба Ғазза дору, хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ бурдаанд.

Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) гуфтааст, дар навори Ғазза беш аз 100 ҳазор нафар хонаҳои худро тарк кардаанд ва тақрибан 800 ҳазор кас ба оби тоза дастрасӣ надоранд.

XS
SM
MD
LG